Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Сурия фаро мехонад


Дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, ҳукумати ин кишвар омода аст шаҳрвандони худро аз Сурия фаро хонад.

Бино ба хабари ин манбаъ, дар Сурия аслан донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд ва онҳо хатми соли таҳсилро мунтазир буданд. Шумораи онҳо чандон зиёд нест. Қисме аз онҳо худашон баъд аз хатми соли таҳсил ба хонаҳояшон баргаштаанд.

Тоҷикистон дар Сурия сафорахона надорад ва сафорати Тоҷикистон дар Миср фаъолиятҳои дипломатӣ бо Сурияро низ пеш мебарад.
XS
SM
MD
LG