Пайвандҳои дастрасӣ

Корхонае дар наздикии Маскав оташ гирифтааст


Шабе, ки гузашт, дар ноҳияи Раменкийи наздикии Маскав сӯхтори бузург рух дод. Тавре, ки хабаргузории “Интерфакс” иттилоъ додааст, забонаҳои оташ аз даҳҳо километр дурӣ ҳам ба назар расидааст. Қисмате аз шаҳри Жуковскийро дуди ғализ пахш кардааст.
Баъдтар ин хабаргузорӣ аз қавли мақомоти вазорати изтирории Русия хабар додааст, ки дар ноҳияи Рамен корхонаи “Фрегат” оташ гирифтааст. Ин корхона ба тавлиди масолеҳи фелизӣ барои сохтмонҳо машғул аст.

Дар бораи талафоти ҷонӣ хабар дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG