Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Тоҷикистон борон пешбинӣ шудааст


Тибқи маълумоти ҳавошиносон, баъд аз нисфирӯзӣ дар Душанбе ҳаво офтобӣ мешавад. Вале шабона бориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво рӯзона 33 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хуҷанд тамоми шабонарӯз борон меборад. Ҳаво 31 дараҷа гарм мешавад.

Дар минтақаи Кӯлоб баъд аз нисфирӯзӣ борон дар назар аст, вале шабона қатъ мешавад. Ҳаво то 34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар водии Вахш то наздикиҳои бегоҳ борон меборад. Як муддат қатъ мешавад, вале шабона давом мекунад. Ҳаво то ба 37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Бадахшон баъд аз нисфирӯзӣ бориши борон дар назар аст. Бориш шабона давом мекунад. Ҳаво рӯзона то 21 дараҷа гарм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG