Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастури боздошти номзади нави нахуствазир содир шуд


Махдум Шаҳобуддин-номзади нави нахуствазир, ки дастури боздошташ содир шуд

Махдум Шаҳобуддин-номзади нави нахуствазир, ки дастури боздошташ содир шуд

Бино ба гузоришҳои расида аз Покистон, қозиёни додгоҳ дастури боздошти Махдум Шаҳобуддинро содир кардаанд. Чанд соат пеш аз ин дастур Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон Махдум Шаҳобуддинро ба мақоми нахуствазири нав пешбарӣ кард.Дастури боздошт ба қочоқи доруҳо дар замони кори Шаҳобуддин дар мақоми вазири беҳдошт иртибот доштааст.

То ҳол рӯшан нест, ки дастури боздошт метавонад Шаҳобуддинро аз номзадӣ боздорад ё хайр. Шаҳобуддин ҳоло вазири бофандагист. Бо пешниҳоди президент зардорӣ Шаҳобуддин бояд ба ҷои Юсуф Ризо Гелонӣ нахуствазир интихоб шавад. Додгоҳи Олӣ Ризо Гелониро аз салоҳияти нахуствазирӣ маҳрум кард, зеро вай нахостааст бар зидди раиси ҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ дубора парвандаи ришвахорӣ боз кунанд.
XS
SM
MD
LG