Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров таъйид кард, ки киштӣ чархболҳои низомиро мебурд


Сергей Лавров

Сергей Лавров

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, киштии борбаре, ки ба Русия баргардонида шуд, се чархболро барои режими Сурия ҳамл мекард. Эъломияи рӯзи панҷшанбе нахустин эътрофоти Русия буд. Ин киштӣ, ки чархболҳои ҷангиро ҳамл мекард, ҳафтаи ҷорӣ баъд аз вуруд ба обҳои Британия ба Русия баргашт. Лавров дар мусоҳиба бо радиои Эхо Москвы гуфт, киштии "Alaed" се чархболи сохти русиро баъд аз таъмир ба Сурия мебурд. Ин кор тибқи қарордоди соли 2008 бо Сурия анҷом гирифтааст. Вай гуфт, ки дар ин киштӣ ҳамчунин таҷҳизоти дифои зидди ҳавоӣ низ будааст. Кишварҳои ғарбӣ аз Русия тақозо кардаанд, ки ҳамкориҳои низомиаш бо Сурияро хотима диҳад.
XS
SM
MD
LG