Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирони бозори Кӯлоб: "Маҷбурем, ба Русия равем"


Як гурӯҳ аз тоҷирони бозори марказии Кӯлоб мегӯянд, то бароварда шудани хостҳояшон ба корпартоии худ идома хоҳанд дод.

Бархе аз тоҷирони бозори марказии Кӯлоб мегӯянд, дар сурати поин наомадани нархи иҷора маҷбур хоҳанд шуд, дар рӯзи Ваҳдати Миллӣ, ки 27-уми июн таҷлил хоҳад шуд, даст ба гуруснанишинӣ зананд.

Ҳарчанд масъулони бозори Кӯлоб боло рафтани нархи иҷораи нуқтаҳои савдоро ба қарори Хадамоти зиддинҳисорӣ марбут медонанд, аммо савдогарон ин ҳарфҳоро беасос дониста мегӯянд, ин иқдом ҷайби тоҷиронро тиҳӣ хоҳад кард. Оростамоҳ, як тоҷири ин бозор, мегӯяд, агар ин бор ҳам ба ин нархномаи бозор розӣ шаванд, мисли моҳҳои қабл он боз дар моҳҳои оянда баланд бурда хоҳад шуд.

Ӯ мегӯяд, "зӯрамон намерасад. Як бор наомаданд, ки аз мо ҳолпурсӣ кунанд. Мо намедонем, чӣ хел вазъи моро напурсида чунин нархнома қабул мекунанд. То ин нархро поён набаранд, дари дӯконҳоро боз намекунем." Давлаталӣ, як савдогари дигар, мегӯяд, давоми ин ду рӯзи шикояту корпатоияшон касе аз ҳукумати маҳаллӣ ба наздашон намомадааст. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, "дар як рӯз агар шаш сомонӣ гиранд, дар як моҳ 180 сомонӣ мешавад. 120 сомонии дигар барои патент (иҷозатнома) медиҳем. Боз барои посбонҳо пул медиҳем. Хулоса, мо дар як моҳ 500 сомонӣ барои бозор медиҳем. Ҳеҷ фоидае намебинем. Ҳамин ду-се нафари дигар дар Кӯлоб мондаем, маҷбурем, ки корро партофта, ба Русия равем."



Файзиддин, яке аз дигар тоҷирон мегӯяд, кор ба ҳадде расида, ки онҳоро барои напардохтани нарх ва корпартоӣ таҳдид мекунанд. Ӯ гуфт, "савдогаронро зӯр омадааст, корро партофтем. Аз ин дида зулм намешавад. Агар давом диҳанд, маҷбурем корро партофта аз бозор равем."

Дар ҳамин ҳол, Меҳрӣ Раҳимова, директори бозори марказии Кӯлоб, мавсум ба "Саховат", дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, мавқеи худро тағйир нахоҳанд дод. Аз ин пештар Раҳмоналӣ Бозоров, сармуҳосиби Идораи "Тоҷикматлубот"-и Кӯлоб гуфта буд, ки болоравии нарх дар пайи шикояти тоҷирони бозор ба мақомоти гуногун ба амал омадааст. Ӯ мегӯяд, "тоҷирон ариза навишта, аз баланд будани нархи иҷораашон шикоят карданд, вале Хадамоти зиддиинҳисорӣ муайян кард, ки мо аз савдогарони ҳанӯз ҳам маблағи камтар мегирем. Хадамот таҳлил кард, ки нархи сӯзишворӣ баланд шудааст ва маҳсулот ҳам қиммат шудааст, пас, чаро нархи иҷора баланд нашавад? Мо аз пеши худ ин корро накардаем, балки нархномаи пешниҳодкардаи Хадамоти зиддиинҳисориро дар даст дорем."

Аммо бо ин вуҷуд бархеи дигари тоҷирон ба эътирози ин савдогарон напайваста, ба тиҷорати худ идома медиҳанд. Самад, яке аз онҳо мегӯяд, ин эътирози онҳо беҳуда аст ва пас аз ду-се рӯзи нокомӣ боз ба тиҷорати худ давом хоҳанд дод.

Аз субҳи рӯзи 21-уми июн беш аз сад тоҷири бозори марказии Кӯлоб бо нишони эътироз аз болоравии нархи нуқтаҳои савдо ба дари дӯконҳои худ қуфл задаанд. Аммо боқии тоҷирон, ки шумораашон аз 500 нафар болост, ба ин корпратоӣ ҳамроҳ нашуданд.
XS
SM
MD
LG