Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳроб Хоҷаеви зодаи Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 гардид.

Сӯҳроб Хоҷаев дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар шаҳри Алматии Қазоқистон дар гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 20 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва ба Узбакистон роҳхати олимпӣ овард. Дар воқеъ, ин 55-умин роҳхати олимпии варзишгарони Узбакистон ба Олимпиадаи Лондон ба шумор меравад.

Бояд гуфт, Сӯҳроб Хоҷаев дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2009-ум дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Италия бо натиҷаи 73 метру 29 сантиметр барандаи медали нуқра гардида буд. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки соҳиби роҳхат ба нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур шавад.

Вале Сӯҳроб дар ин Бозиҳо, ки тобистони соли 2010-ум баргузор шуданд, ширкат накард. Чаро?

Наргис Набиева, сардори раёсати рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, мегӯяд, “мо барои Сӯҳроб Хоҷаев шароити заруриро фароҳам оварда будем, то ба нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур роҳхат бигирад. Баъди ба даст овардани медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии наврасони ҷаҳон дар Италия ва роҳхати олимпӣ ба Сингапур аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ӯ ба маблағи 200 доллари амрикоӣ стипендия ҳам таъйин шуд. Он вақт стипендияи устодаш Дилшод Назаров низ ҳамин миқдор буд."

Наргис Набиева

Наргис Набиева

Хонум Наргис дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ҳамин тавр бояд Сӯҳроб дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Олимпиадаи наврасон мерафт. "Вале рафтори Сӯҳроб дигар шуд. Падараш ҳам назди мо омада, шикоят мекард, ки мо ба ӯ маблағи кофӣ намедиҳем. Ба мо маълум шуд, ки Сӯҳробро баъди сабқати ҷаҳонӣ ба Узбакистон даъват кардаанд, то ки аз номи ин кишвар дар Олимпиадаи Сингапур ширкат варзад. Мо тӯли қариб як сол дар ин бора бо масъулини соҳаи варзиши Узбакистон гуфтугузор доштем. Мо аз номи Мелик Бобоев, президенти Кумитаи миллии олимпии Узбакистон, мактуб гирифтем (аз 18-уми марти соли 2010), ки дар он зикр шудааст, Сӯҳроб Хоҷаев бо хоҳиши худ ва розигии волидайнаш барои идомаи таҳсил ба Коллеҷи захоири олимпии Узбакистон омадааст, зеро ки ба гуфтаи вай дар Тоҷикистон барои пешрафти ӯ дар ин риштаи варзиш шароити зарурӣ муҳайё нест. Дар нома омадааст, ки Сӯҳроб Хоҷаев аз номи Узбакистон дар Олимпиадаи Сингапур иштирок намекунад. Баъдан Сӯҳроб бо хоҳиши худ шаҳрвандии Узбакистонро пазируфт ва минбаъд дар мусобиқоти байналмилалӣ Узбакистонро намояндагӣ мекунад",-нақл кард Наргис Набиева.



Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар бораи Сӯҳроб бо собиқ гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев, дабири кулли Федератсияи варзиши сабуки Узбакистон, гуфтугӯ шудааст ва ӯ ҳам гуфта, ки Сӯҳроб ба вай аз шароити пешинаш дар Тоҷикистон шикоят кардааст. Яъне, ба андешаи ӯ дар зодгоҳаш наметавонад, ки ба орзуҳои худ – қаҳрамони ҷаҳону олимпӣ шудан бирасад.

Сӯҳроб Хоҷаев 21-уми майи соли 1993-юм дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ мактаби миёнаи рақами 20-и шаҳри Душанберо хатм кардааст. Шогирди Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2006-ум ба навъи гурзандозӣ машғул аст. Аввалин мураббии ӯ Сӯҳроб Мардонов мебошад. Баъдан нозукиҳои ин намуди олимпии варзишро дар шаҳри Душанбе аз Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, омӯхтааст. Ду соли ахир дар шаҳри Тошканд таҳти раҳбарии Андрей Абдувалиев, қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1992-юм дар Барселона ва қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон, тамрин мекунад. Ӯ мақсад дорад, ки ба мисли устодаш қуллаҳои баланди варзишро фатҳ намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG