Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Душанбе изҳороти афғонҳоро изтиробангез хонд


Мақомот изҳорот дар бораи эҳтимоли вуруди гурӯҳи террористон ба хоки Тоҷикистонро изтиробангез донистанд.

Масъулони амниятии Тоҷикистон аз пахши изҳороти мақомоти афғон дар бораи эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои терористӣ аз Покистон ба хоки Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд.

Саттор Холов, раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти порлумони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Тоҷикистон ҳамеша хоҳони сулҳу субот дар Афғонистон аст. Аммо пахши хабарҳои номатлуб аз сӯи мақомоти афғон дар расонаҳои ин кишвар мояи изтироби мост."

Ин мақоми порлумонии Тоҷикистон зимни мӯътақид ба дурӯғ будани чунин хабарҳо гуфт, "сохторҳои қудратии Тоҷикистон тавони муқобила бо ҳама гурӯҳҳо, аз ҷумла гурӯҳҳои террористиро доранд ва метавонанд дар сурати пайдо шудани чунин гурӯҳе аз он ҷилавгирӣ кунанд. Ҳаводиси рухдодаи соле пеш дар минқаи Рашт инро ба пуррагӣ собит кард."

Аммо дар айни ҳол Саттор Холов дар мавриди фаъолити Ҷамоати Ансоруллоҳ барои ҷалби сокинони маҳаллӣ гуфт, "панҷ панҷа баробар нест ва шояд дар оила фарде бошад, ки ба роҳи нодуруст равад. Ман ба онҳо машварат медиҳам, то аз чунин роҳҳои нодруст худдорӣ кунанд ва сулҳу суботро аз ҳама идеяҳо болотар гузоранд."

Ҷаноби Холов таъкид кард, ки "Тоҷикистон дар остонаи таҷлил аз 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдат қарор дорад ва бояд мардум талош кунанд, ки ин сулҳи ба дастомадаро бештар ҳифз кунанд."

Дар ҳамин ҳол, Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Идораи марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, низ бар таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таъкид карда ва гуфт, марзбонони тоҷик омодаанд аз убури ҳар гуна гурӯҳҳо пешгирӣ кунанд.

Зеро ба таъкиди вай, дар чанд соли охир марз комилан бо таҷҳизоту воситаҳои муосир таъмин шудааст ва ҳукумат ҳамеша ба фаъолияти марзбонон ва ҳифзи марзи давлатӣ таваҷҷӯҳ дорад.

Вокуниши масъулони амниятии Тоҷикистон дар ҳолест, ки раёсати Амнияти Миллии Афғонистон ба телевизиони “Тулӯъ”-и ин кишвар гуфтааст, гурӯҳҳои мусаллаҳ талош доранд, аз хоки Покистон барои анҷоми амалиёти террористӣ вориди хоки Тоҷикистон шаванд.

Шафиқулло Тоҳирӣ, муовини сухангӯи ин раёсат, гуфтааст, гурӯҳҳои террористие, ки дар Вазиристони Шимолӣ фаъолият мекунанд, талош доранд, бо кӯмаки ҷангиёни тоҷику узбак ба амнияти Тоҷикистон таҳдид кунанд. Ба ин гурӯҳҳо афроди шабакаи "Ал-Қоида" ва шабакаи Ҳаққонӣ дохил мешаванд.

Шабакаи дигари телевизионии Афғонистон бо номи ArianaTV бо такя ба мақомоти интизомӣ гуфтааст, “Ҷамоати Ансоруллоҳ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, ба сафи худ аз ҳисоби сокинони маҳаллии Тоҷикистон афроди навро ҷалб мекунад. Онҳоро барои таълим ба урдугоҳҳои Покистон мефиристанд, то ба Тоҷикистон баргарданд ва амалиёти террористӣ анҷом диҳанд."

3-юми майи соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон ба таври расмӣ фаъолияти Ҷамоати Ансоруллоҳро мамнӯъ эълон кард. Муҳаммадюҷон Хайруллоев, намояндаи додситонии Тоҷикистон, эълон карда буд, ки Ҷамоати Ансоруллоҳ як шохаи Ҳаракати Исломии Узбакистон аст ва онро "Ал- Қоида" сармоягузорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG