Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти се низомии қазоқ баъди фирори марзбонон


 Даромадгоҳи яке аз посгоҳҳои марзии Қазоқистон

Даромадгоҳи яке аз посгоҳҳои марзии Қазоқистон

Рӯзи панҷшанбе идораи додситонии низомии Қазоқистон эълон кард, ки бо иттиҳоми латту кӯби сарбозони ҳамхидмат се марзбон ва аз ҷумла фармондеҳи як посгоҳро боздошт намудааст.
Ҳафтаи равон 11 марзбони ҷавон аз посгоҳашон воқеъ дар ноҳияи Зайсани ҳаммарз бо Чин фирор карда буданд. Баъди мушаххас шудани макони фирор марзбонони ҷавон шикоят доштанд, ки фармондеҳон онҳоро азият медоданд. Се ҳафта пеш дар як посгоҳи дигари марзи миёни Қазоқистону Чин 14 марзбон ва як нозири ҷангал ба қатл расида буданд. Дар куштори онҳо як марзбон муттаҳам мешавад. Ӯ тавассути телевизиони Қазоқистон гуноҳро ба гардан гирифта, таъкид кард, ки мавриди зӯроварии ҳамхидматҳо қарор гирифта будааст.
XS
SM
MD
LG