Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Зан ва замин"-и Тоҷикистон ҷоизаи "Экватор"-ро гирифт


Муҳаббат Мадалиева

Муҳаббат Мадалиева

Муҳаббат Мадалиева, раҳбари созмони "Зан ва замин"-и Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи "Экватор-2012" гардидааст.

Дар ҷараёни нишасти Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор "Рио-20", ки дар Бразилия ҷараён дорад, созмони ҷамъиятии "Зан ва замин"-и Тоҷикистон ҷоизаи "Экватор-2012"-ро соҳибӣ кард.

Муҳаббат Мадалиева, раиси созмони "Зан ва замин"-и Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои Созмони Милал гуфтааст, "фаъолияти мо ба таъмини амнияти ғизоӣ ва коҳиши мизони камбизоатӣ равона шудааст. Занони мо генофонди гуногунии агробиологии маҳалро нигоҳ медоранд." Бино ба иттилои радиои Созмони Милал, Муҳаббат Мадалиева аз минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ нахустин ғолиб дониста шудааст.

Дориюш Зитек, раҳбари минтақавии Акт Осиёи Миёна ба Радиои Озодӣ гуфт, "Зан ва замин" яке аз ҳамкорони дерина ва муваффақи онҳост, ки барои коҳиши камбизоатӣ ва ҳифзи муҳити зист барномаҳои мухталифро дар ҷануби Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Ӯ гуфт, "муваффақиятҳои "Зан ва замин"-ро дар рушди устувори ҷомеаи тоҷик ба назар гирифта, онҳоро барои гирифтани ҷоизаи мазкур пешниҳод намуданд. Ин созмон барномаҳои муҳимро барои занон ва дастрасии онҳо ба замин амалӣ мекунад."

"Зан ва замин" яке аз 25 ғолиби ҷоизаи "Экватор-2012" аст, ки аз миёни 800 созмони довталаби 113 кишвар интихоб шудааст. Барномаи ташаббуси "Экватор" барномаи ҳамкории СММ, сохторҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва тиҷоратӣ буда, ба рушди ҷомеаҳои маҳаллӣ, коҳиши камбизоатӣ ва ҳифзи муҳити зист амалӣ мешавад.

Ин барномаи СММ навоварӣ ва ташаббусҳои муфиди сокинони минтақа ва ҷамъиятҳоро, ки барои роҳҳали мушкилоти зиндагии инсонҳо ва табиат мусоидат мекунад, дастгирӣ намуда, ҳамасола ба 25 созмони дар ин самт махсусан фаъол ҷоиза тақдим мекунад.

Созмони "Зан ва замин"-и Тоҷикистон чанд соли охир дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фаъолияти густарда дорад. Ҷамила Баротова, сухангӯи ин созмон гуфт, "Зан ва замин" дар самти нигоҳдорӣ ва ба иқлим тобовар будани навъҳои маҳаллии тухмӣ, ҳифзи ҷангалзорҳо, таъмини амнияти озуқа, мутобиқшавии кишоварзон ба тағйирёбии иқлим монанди инҳо кор мекунад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG