Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи дини Тоҷикистон барои таъмини шаффофияти сафари зоирони тоҷик ба ҳаҷ комиссияи махсус таъсис додааст.

Ба манзури анҷоми шаффофи раванди сафари зоирони тоҷик ба ҳаҷ дар назди бахшҳои Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон дар навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар комиссияҳои махсус таъсис дода шудааст.

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин комиссияҳо ба муроҷиат ва шикояти хоҳишмандони зиёрати Хонаи Худо, ки бо мушкил дучор шудаанд, расидагӣ хоҳанд кард. Дар сурати дар маҳалҳо ҳаллу фасл нашудани ин гуна муроҷиатҳо комиссияҳои мазкур ҳуҷҷатҳои гирдовардаи худро ба Кумитаи дин пешниҳод мекунанд.

Зимнан дар маъракаи ҳаҷи имсола аз Тоҷикистон 6000 нафар ба тавофи Каъба мушарраф хоҳанд шуд, ки ба фарқ аз солҳои пешин 500 нафар бештар аст. Дар ин миён 125 нафар роҳбалад ин шумораи зоиронро ҳамроҳӣ хоҳад кард, ки харҷи сафари онҳо бар дӯши Кумитаи дини Тоҷикистон будааст.

Маъракаи ҳаҷ дар Тоҷикистон бар пояи маълумоти мунташира дар ин авохир олуда ба фасод сурат мегирад. Аз ин ҷост, ки ахиран Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо содир кардани фатво сафари ҳаҷ бо пардохти ришватро ноҷоиз шуморид.

Дар соли гузашта як масъули Кумитаи дин дар вилояти Хатлон бо иттиҳоми гирифтани ришват аз як нафар зоир боздошт шуда, баъд аз пардохти 10 000 сомонии ҷарима озод шуд.

Гуфтанист, ҳадаф аз таъсиси комиссияҳои вижа дар назди шӯъбаҳои Кумитаи дин дар навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар низ ҷилавгирӣ аз фасод дар раванди сафари зоирони тоҷик ба ҳаҷ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG