Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси доварони УЕФА эътироф кард, ки украиниҳо ба дарвозаи дастаи Инглистон гол ворид карда буданд.

Пирлугӣ Коллина, раиси доварони УЕФА, ба ҳаводорони навмедшудаи дастаи Украина эътироф кард, ки дар бозии рӯзи сешанбе украиниҳо ба дарвозаи Инглистон гол ворид карда буданд.

Дар ҳоле ин бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи Инглистон идома дошт, Марко Девис дар дақиқаи 62-юм тӯбро ба дарвозаи инглисҳо ворид кард. Тӯб аз хатти дарвоза чанд сантиметр гузашт, вале баъд аз гузаштан аз хат Ҷон Террӣ, бозигари Инглистон, ба тӯб расид ва бо нӯги пой онро аз дарвоза берун зад.

Дар намоишҳои такрории ин лаҳзаи ҳассос аз тариқи телевизион дида мешавад, ки тӯб аз хат гузаштааст, вале Виктор Кассай -- довари бозӣ аз Маҷористон, голро ҳисоб накард. Ба ин тартиб, дастаи Инглистон бозиро бо ҳисоби 1:0 ба нафъи худ ба поён бурд ва Украина -- кишвари мизбони мусобиқот аз идомаи бозиҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Ҷоми Аврупо-2012 маҳрум шуд.

Коллина дар нишасти хабарии Варшава гуфт, тасмими Кассай “иштибоҳи инсонӣ” буд, дар ҳоле ки Девис голи зебое зад: "Мо дар бораи чанд сантиметр сӯҳбат мекунем, дар бораи сантиметрҳои хеле кам. Бо вуҷуди ин тӯб аз хатти дарвоза гузашта буд. Мутаассифона, ин иштибоҳи инсонӣ аз ҷониби як инсон рух дод."

Раиси доварони УЕФА, ки бо сари бемӯи худ маъруф аст ва то соли 2005-ум, яъне то соли бознишстагиаш, аз доварони беҳтарини ҷаҳон шинохта шуда буд, гуфт, Кассай ва ҳайати ёваронаш аз доварӣ дар бозиҳои баъдӣ маҳрум хоҳанд шуд. Рӯзи чаҳоршанбе (20-уми июн) Зеп Блаттер -- раиси Федератсияи байнулмилалии футбол ё ФИФА дар Twitter навишт, баъд аз бозии Украина-Инглистон истифода аз таҷҳизоти видеоии назорат бар хатти дарвоза ва имкони дидани чунин лаҳзаҳо барои доварон кори ҳатмист. ФИФА моҳи июл тасмим хоҳад гирифт, ки истифода аз таҷҳизоти назорат бар хатти дарвозаро иҷоза диҳад, ё на.

Дар ҳамин ҳол, Микола Азаров -- нахуствазири Украина ҳангоми ифтитоҳи ҷаласаи субҳонаи кобинаи вазирони худ изҳори нороҳатӣ кард ва аз мардуми кишвараш хост, натиҷаи бозиро пазиранд. Азаров гуфт, “бачаҳои мо ҷонсупорона бозӣ карданд ва то лаҳзаҳои охир талош доштанд, ки ғалабаро аз они худ кунанд, вале варзиш варзиш аст... мо барои ин набояд фоҷиа созем.”
Вале матбуоти Украина чандон хомӯш набуданд. Онҳо довари маҷорро муттаҳам кардаанд, ки “ошкоро намехост голи Украинаро бубинад”.

Рӯзномаи “Сегодня” навиштааст, Кассай “кӯр” буд ва илова кардааст, ки “УЕФА хуб кор кардӣ, беҳтарин созмондиҳӣ дар мусобиқот.” То ҳол Мишел Платинӣ -- раиси УЕФА намехост дар хатти дарвоза таҷҳизоти видеоии назорат бар хат ё гол гузошта шавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG