Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конфронси зистмуҳитии Рио де Женейро оғоз шуд


Нишони конфронс
Нишони конфронс
Раҳбарони кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар Рио де Женейрои Бразилия дар конфронси серӯзаи СММ масъалаи рушди устувори сайёраро баррасӣ мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин конфронс ширкат дорад. Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ дар маросими гушоиши конфронс аз раҳбарон хост, ки вақтро зоеъ накунанд ва дар рушди устувори сайёра саҳм бигиранд. Бан Ки Мун хост, ки зиндагии аҳолии сайёраро беҳбуд бахшанд ва бад-ин тариқ аз сайёра ҳимоят кунанд. Вале коршиносон мегӯянд, ки аз ин конфронс натиҷаҳои камтареро интизоранд. Ин конфронс дар рӯзи 20-ӯмин солгарди конфронси пешин баргузор мешавад, ки роҳро барои имзои протоколи Киото дар соли 1997 ҳамвор карда буд.
XS
SM
MD
LG