Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср эълони натиҷаҳои интихобот ба таъхир меафтад


Мақомоти Кумитаи интихоботии Миср мегӯянд, мумкин аст эълони натиҷаҳои даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба таъхир афтад. Қарор буд ин натиҷаҳо рӯзи панҷшанбе эълон шавад. Ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ, сабаб ин будааст, ки ҳар ду номзад низ иддао доранд, ки дар дар интихобот пирӯз шудаанд. Дар даври дуввуми интихобот Муҳаммад Мурсӣ-номзади Ихвонулмуслимин ва Аҳмад Шафиқ-охирин нахуствазири давраи Ҳуснӣ Муборак ширкат доштанд.

Коршиносон мегӯянд, ҳар гуна таъхир дар эълони натиҷаҳои интихобот метавонад сабаби ташдиди вазъ шавад. Гузашта аз ин, ҳоло рӯшан нест, ки низомиён дар раҳбарии ин кишвар чӣ нақшеро бозӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG