Пайвандҳои дастрасӣ

Расми адои савганди нахуствазири нави Юнон баргузор шуд


Антонис Самарас имрӯз ба мақоми нахуствазири Юнон интисоб шуд. Ӯ раиси ҳизби муҳофизакори Демократияи нав буда, расолати аслиаш раҳо кардани кишвар аӯз бӯҳрон ва татбиқи ислоҳоти иқтисодиву сарфаҷӯӣ хоҳад буд. Антонис Самарас дар мулоқот бо хабарнигорон баъди маросими савгандёдкунӣ гуфт, ки тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, то кишварро аз бӯҳрон раҳо кунад.
XS
SM
MD
LG