Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муборак дар кома ва мардум дар интизори натиҷаҳои интихоботи президентии ахир


Мардуми Миср, ки баъди пароканда шудани парлумон бо асабоният интизори натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи якшанбе мебошанд, дар робита бо хабарҳои марбут ба вазъи сиҳҳати президенти собиқ Ҳусни Муборак вокунишҳои мухталиф мекунанд. Тибқи гузоришҳо, Мубораки 84-сола дар ҳолати кома буда, аммо дастгоҳҳои ёвари кори дилу аъзои дигари бадан дигар васл нестанд. Матбуоти давлатӣ хабар дод, ки шабона Муборак сактаи мағз гирифта ба васоили кӯмаккунандаи таъмини ҳаёт пайваст шудааст. То шаби гузашта Муборак, ки ба ҳукми абади зиндон маҳкум шудааст, дар зиндони Тораи наздикии Қоҳира нигаҳдорӣ мешуд. Баъзеҳо матбуотро дар воҳимаву таваҷҷӯҳи зиёд ба мавзӯъ муттаҳам карда мегӯянд, ки бо ин ҳол мехоҳанд таваҷҷӯҳро аз қарори бекоркунии натиҷаҳои интихоботи зимистонаи парлумонӣ, ки бо пирӯзии ҳизби Ихвон-ул-Муслимин анҷомидааст, дур кунанд.
XS
SM
MD
LG