Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Субҳи имрӯз, 21 июн, беш аз сад тоҷири бозори марказии Кӯлоб ба нияти корпартоӣ ба дари дӯконҳои худ қуфл заданд.

Ин тасмими тоҷирон дар пайи боло бурдани нархи иҷора дар бозори марказии Кӯлоб гирифта шудааст. Ба қавли тоҷирон дар шаш моҳи гузашта ин бори севум аст, ки нархи иҷора боло меравад ва ин иқдом онҳоро сахт нигарон кардааст.

Самад, тоҷири ҷавони ин бозор, дар сӯҳбат бо мо гуфт, дар аввали соли ҷорӣ нархи иҷора барои як рӯзи корӣ 3 сомонӣ буд, ҳоло онро то 6 сомонӣ боло бурдаанд. Ба ин шева боло бурдани бурдани нархи иҷора, ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ манфиате ба тоҷирон намеорад.

Ӯ гуфт, "бигузор комиссия омада бисанҷад, ки мо дар як рӯз чанд пул фоида мебинем. Як нафарашон аз Душанбе ё ҷои дигар омада, дар бозор дар ҷойҳои мо нишаста, савдо кунанд ва бинанд, ки фоидаи мо чӣ хел аст. Агар вазъ чунин идома кунад, бар зарари худ кор мекунем ва маҷбурем, корпартоӣ намоем."

Сафаралӣ, тоҷири дигари бозори марказии Кӯлоб мегӯяд, ҳоло харидории мол бинобар гарон шудани нарх кам шудааст ва ин нуктаро касе ба назар намегирад:
"Фоидае нест. Мо акнун ба савдо одат кардаем. Дар асл бигирӣ чанд моҳи охир фақат шикамамонро сер карда метавонему халос." Дилшод, яке дигар аз тоҷирон, аз афзоиши нархи иҷозатномаи савдо низ шикоят кард: "Патенти савдо дар се моҳи пеш 65 сомонӣ буд. Ҳоло нархи онро 115 сомонӣ кардаанд. Садҳо бор мактуб кардем, вале ҳеҷ фоидае нашуд."



Ба ин тартиб, аксари бозорнишинон тасмими корпартоиро доранд. Назирбегим, тоҷири дигари бозор ҳам мегӯяд, имрӯз ба таври маъмул ба кормандони бозор панҷ сомонӣ додааст, вале онҳо аз маҳсулоти ба савдогузоштааш як сомонӣ маҷбуран гирифтаанд: "Агар касе норозигӣ карда пул надиҳад, аз маҳсулоташ мегиранд. Шаш ҳафт нафаранд ва гапи касеро гӯш намекунанд. Маслиҳат кардем, ки то ин корашонро бас накунанд, ба савдо намебароем."

Раҳмоналӣ Бозоров, сармуҳосиби Идораи "Тоҷикматлубот", ки бозори марказии Кӯлоб ба он тааллуқ дорад, мегӯяд, болоравии нарх дар пайи шикояти тоҷирони бозор ба мақомоти гуногун ба амал омадааст. Ӯ мегӯяд, "тоҷирон ариза навишта, аз баланд будани нархи иҷораашон шикоят карданд, вале Хадамоти зиддиинҳисорӣ муайян кард, ки мо аз савдогарони ҳанӯз ҳам маблағи камтар мегирем. Хадамот таҳлил кард, ки нархи сӯзишворӣ баланд шудааст ва маҳсулот ҳам қиммат шудааст, пас, чаро нархи иҷора баланд нашавад? Мо аз пеши худ ин корро накардаем, балки нархномаи пешниҳодкардаи Хадамоти зиддиинҳисориро дар даст дорем."

Ин барои нахустин бор нест, ки тоҷирони бозор дар Кӯлоб норозигӣ мекунанд. Дар се моҳи пеш низ тоҷирони Маркази савдои "Лола" маҳз бо чунин сабаб даст ба эътирозу корпартоӣ зада буданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG