Пайвандҳои дастрасӣ

Виктор Довгал, шикорчии маъруфи Вахшонзамин, мегӯяд, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таваллуди дубора дидааст.

Ин марди бознишастаи рустабор, ки ҳоло 80 сол дорад, ба гуфтаи худаш, се дафъа дар солҳои 90-уми асри гузашта дар рӯ ба рӯйи марг қарор гирифта, ҷон ба саломат бурдааст.

Бо ин ҳам, Виктор Довгал ба мисли даҳҳо ҳазор рустабори муқимӣ ба қасди кишварҳои амнтар, тарки Тоҷикистон накардааст: "Моҳи сентябри соли 1992-юм буд. Чанд шикорчии русзабон барои ба даст овардани маводи ғизоӣ ба соҳили дарёи Вахш барои моҳидорӣ рафта будем. Ҳангоми бозгашт моро нафарони силоҳбадаст боз дошта, дасту поямонро бастанд. Гуфтанд, ки мекушем Шуморо, зеро Шумо аз маҳаллаи Ломоносов ҳастед. Он замон кӯчаи Ломоносови шаҳри Қӯрғонтеппа бо пешвоҳои ҷанганда ва ё ба истилоҳи маъмули он замон "боевик"-ҳои худ шинохта буд. Аммо намояндагони Кумитаи амнияти вилояти Хатлон ҷони моро хариданд."

Виктор Довгал

Виктор Довгал

Ӯ афзуд, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон барои бисёре аз силоҳбадастони вақт баҳонаи интиқоми осон ва қатли беасоси одамонро дода буд. Ақлҳо ба ҳадде тира шуда буд, ки ҳатто нафаре бесабаб онеро мекушт, ки дар айёми кӯдакӣ барои як дона себ бо ҳам ҷангӣ шуда буданд.

Тӯрақул Маматқулов, дар гузашта ходими давлатӣ ва узви иттиҳодияи шикорчиёни Вахшонзамин, мегӯяд, дар солҳои 1993-94-ум шахсан шоҳиди қатли барқасдонаи чанд шикорчӣ шудааст, ки то ҳанӯз иллати аслии ин ҷиноятҳо барояш норӯшан боқӣ мондаанд: "Худам шоҳид будам, ки аз қишлоқ бачаҳоро фиреб карда, гирифта рафта буданд. Онҳоро бераҳмона куштанд, нобуд карданд. Он вақт маълум набуд, ки кӣ гуноҳ дорад, на суд мешуд, на тафтишот. Суди он замон силоҳ буд. Одамон ба ҳар сангар ҷудо шуда, ҳатто агар солҳои пеш миёнашон камтар гапашон гурехта бошад, бо ҳамин баҳона ҳам қасос мегирифтанд. Чунин ҳодисаҳо бисёр рӯй дода буд. Баъзе ҷасадҳоро ҳатто наёфтанд."

Людмила Хоҷаева

Людмила Хоҷаева

Тӯрақул Маматқулов афзуд, то оғози ҷанги шаҳрвандӣ Қӯрғонтеппа як шаҳри аврупоиро мемонд, ки шумораи аҳолии русзабону олмонию тотор ва дигар миллатҳо дар ин ҷо зиёд буд. Аммо оғози низоъҳои ҳамватанӣ, шиддат гирифтани мушкилоти иҷтимоӣ, таҳдид ба ҳаёту саломатӣ, боиси фирори натанҳо аҳолии тоҷиктабор шуд, балки ҳазорҳо намояндаи ақалиятҳои миллӣ низ тарки Тоҷикистон намуданд.

Людмила Хоҷаева, раиси ҷамъияти русзабонҳои вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳамакнун дар шаҳри Қӯрғонтеппа теъдоди ками рустаборон умр ба сар мебаранд, дар ҳоле ки 20 сол қабл ин шумора ба беш аз 18 ҳазор нафар мерасид.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, "то оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз 65 ҳазор сокини шаҳри Қӯрғонтеппа зиёда аз 20 дарсадашро русҳо ташкил медоданд. Ростӣ, замони ҷанг ба русҳо чандон кордор набуданд, моро эҳтиром мекарданд. Ягон муносибати ноҷоро нисбат ба русҳои муқимӣ раво намедиданд. Агар нафареро куштанд, ба сабабҳои маишӣ куштанд, на аз рӯйи миллатгароӣ ва рус буданаш. Бо вуҷуди ин ҳам бисёр оилаҳои ҷавон аз Тоҷикистон бурун рафтанд, аксаран ба Русия. Он ҷо зиндагии хуб сохтанд."

Тӯрақул Маматқулов (аз тарафи рост)

Тӯрақул Маматқулов (аз тарафи рост)

Бар асоси омори ғайрирасмӣ, феълан дар вилояти Хатлон наздики 7 ҳазор русзабон зиндагӣ мекунад, аммо беш аз 65 фоизи онҳоро одамони солманд ташкил медодаанд, яъне асосан бознишастаҳо. Вале онҳое ҳам, ки боқӣ мондаанд, ҳоло мегӯянд, дигар ягон ҷанг наметавонад онҳоро ба тарки кишвар таҳрик диҳад, зеро Тоҷикистон ватани онҳо низ ҳаст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG