Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангела Меркел барои дидани футболи Олмону Юнон ба Полша меравад


Ҳукумати Олмон эълон кард, ки садри аъзам Ангела Меркел барои тамошои рақобати дастаҳои Олмону Юнон дар чаҳорчӯби чорякфинал ба Полша сафар мекунад. Ин бозӣ рӯзи ҷумъа дар шаҳри Гданск барпо мешавад. Мусобиқаи дастаҳои Олмону Юнон то андозае ранги сиёсӣ касб кардааст, ба он хотир, ки Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байналмилалии пул ба Юнони дар қарз ғӯтида фишор меоранд, ки миёнашро сахттар баста ба ислоҳот шурӯъ кунад. Бар ивази ихтисору сарфакориҳои шадид Юнон метавонад аз кӯмаки пулии 240 миллион евро баҳравар шавад.
XS
SM
MD
LG