Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Платинӣ Полшаву Украинаро барои омодагии хуб ба Евро-2012 ситоиш кард


Президенти федератсияи байналмилаии футбол UEFA барои ташкили муваффақиятҳомези шароити баргузории бозиҳои ҷоми аврупоии футбол Полшаву Украинаро ситоиш кард. Мишел Платинӣ гуфт, ки “Полшаву Украина вазифаҳои худро иҷро карданд ва сахт аст, ки аз ин беҳтар анҷом шаванд”. Рақобатҳои аврупоии футбол, ки рӯзи 8 июн шурӯъ шуданд, танҳо аз назари хушунату рафтори бенизоми ҳаводорони дастаҳои мухталиф интиқод шудаанд. Дар маҷмӯъ то рӯзи сешанбе ҳаҷми умумии ҷаримаҳо дар ҳашт ҳолати марбут ба рафтори ношоями фанатҳои футбол 374 ҳазор евроро ташкил дод.
Аз назари натиҷаҳо бошад, дастаҳои миллии футболи Полшаву Украина аз рақобатҳо берун шуда, дигар ҳақи ширкат дар бозиҳои ояндаро аз даст доданд.
Дар чаҳорчӯби бозиҳои чорякфинал фардо қарор аст Ҷумҳурии Чех бо Португалия муоқот кунад. Илова ба ин дастаҳо, шаш дастаи дигар, яъне Олмон, Юнон, Испания, Фаронса, Англия ва Итолиё дар бозӣ боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG