Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қонуни «Мубориза бо терроризм» ислоҳ шуд


Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 20-июн ба қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм» ислоҳот ворид кард. Бар пояи ин ислоҳот феҳристи афрод ва созмонҳои муттаҳам бо терроризм тавассути Кумитаи давлатии амнияти миллӣ муайян ва танҳо баъди ҳукуми Додгоҳи Олии Тоҷикистон эълон карда мешаванд.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ки тағйироти ворида ба қонуни мазкурро тавзеҳ мекард, гуфт, ин ислоҳот ҳамчунин имкон медиҳад, ки манобеи молии гурӯҳҳо ва афроди машғул бо фаъолиятҳои террористӣ мушаххас ва идомаи он ҷилавгирӣ карда шавад.

Яке дигар аз тағйироти ворида ба ин қонун ин аст, ки минбаъд ташкилот ва созмонҳои муттаҳам бо терроризм низ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида хоҳанд шуд.

Гуфта шуд, ки то ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон фаъолияти 14 созмон ва ташкилоти ифротӣ бо ҳукми Додгоҳи Олӣ мамнӯъ эълон карда шудааст.
XS
SM
MD
LG