Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Покистон дар фикри пайдо кардани раҳбари нави ҳукумат аст



Рӯзи дуюм аст, ки президенти Покистон дар андешаи пайдо кардани нахуствазири нави кишвар аст. Дирӯз додгоҳи олӣ нахуствазир Юсуфризо Гелониро аз ҳақи нахуствазирӣ маҳрум кард ва гуфт, ки чунин ҳукм барои он содир шуд, ки Гелонӣ нахост аз мақомоти Швейсария дархост кунад, ки парда аз иттиҳомоти марбут ба даст доштани президент Осифалии Зардорӣ дар фасод бардорад. Зардорӣ ҳизби ҳокими мардумии Покистонро раҳбарӣ мекунад, ки Гелонӣ як узви он мебошад. Аз вакилии маҷлис ва курсии нахуствазир маҳрум шудани Гелонӣ нуқтаи авҷи зиддиятҳои байни низоми додгустарӣ ва ҳукумати Зардорӣ шуд. Имрӯз вакили дифои Гелонӣ Айтзоз Аҳсанд гуфт, ки шахси мавриди ҳимояташ ҳукми додгоҳро бозбинӣ карданӣ нест:

- Юсуфризо Гелонӣ ҳукми додгоҳро эътироф кард ва дархости бозбинӣ шудани онро надорад. Ман чунин як дастуре нагирифтаам.


Интизор меравад, ки имрӯз исми нахуствазири нави Покистон эълон шавад.
XS
SM
MD
LG