Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагиҳо ба ташкили эътилофи нави ҳукуматӣ дар Юнон


Аҳзоби сиёсии Юнон барои таъсиси як эътилофи нави сиёсӣ наздик мешаванд, ки имкони пешбурди ислоҳоти сарфакунандаи шадиди буҷа ва ҳам раҳоии давлатро аз бӯҳрон фароҳам хоҳад овард. Раҳбари ҳизби сотсиалистӣ гуфт, ки имрӯз бояд як эътилофи сеҳизбаи нав ташкил шавад, ки пояи ҳукумати нав хоҳад шуд. Дар садри музокираҳо бо аҳзоби сотсиалистӣ ва чапгарои демократӣ барои ташкили эътилоф ҳизби муҳофизакори Демократияи нав қарор дорад.
XS
SM
MD
LG