Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолати Ҳусни Муборак "сангин" арзёбӣ мешавад


Дар бораи вазъи саломатии президенти собиқи Миср Ҳусни Муборак хабарҳои зидду нақиз мерасанд. Хабаргузории расмии MENA гуфт, ки Мубораки 84-сола ба ҳангоми аз зиндон ба беморхонаи низомӣ интиқол ёфтанаш ба марги клиникӣ гирифтор шуд. Вале чанд хабари ахир мегӯяд, ки Муборак дар қайди ҳаёт буда, дар бистари беморӣ бо кӯмаки респиратор ё дастгоҳи нафаскашӣ нафас мекашад. Дигар гузоришҳо мегӯянд, ки Муборак дар ҳолати кома афтодааст. Телевизиони давлатӣ гуфт, баъди он ки тапиши дили президенти собиқ барои чанд сония бас шуд, духтурҳо бо истифода аз дефибриллятор ҷараёни дилзании ӯро барқарор карданд. Як узви шӯрои ҳокими низомии Миср гуфт, ки ҳолати Муборак хеле вазнин аст.
XS
SM
MD
LG