Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду бозии даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2012 барпо гардид.

Дар нахустин бозӣ дастаи “Самар”-и ноҳияи Восеъ дар майдони худ бар тими РТСУ (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон) бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳо: Одил Давлатов, 39, Комрон Ҷалолов, 68 – ҳарду аз дастаи “Самар”, Умедҷон Қӯзиев, 48 - РТСУ.

Дар бозии ҷавобӣ, ки 19-уми июн дар варзишгоҳи “Локомотив”-и шаҳри Душанбе сурат гирифт, РТСУ бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Голҳо: Маҳмадов, 36, 57, Қӯзиев, 90+3 – ҳарду аз РТСУ, Ҷӯраев, 30 - “Самар”.

Ҳамин тариқ, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ РТСУ ба ҳаштякфинал баромад.

Дастаи “Далерон”-и шаҳри Истаравшан бидуни рақобат ба даври баъдӣ роҳ ёфт, зеро ки рақибаш – тими “Ситора”-и ноҳияи Рӯдакӣ аз сабқат даст кашид.

Ба ин тартиб, дар даври ҳаштякниҳоӣ ба ду дастаи ғолиби даври пешакӣ - РТСУ-и Душанбе ва “Далерон”-и Истаравшан 13 дастаи лигаи олӣ ва як тими лигаи аввал - «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳамроҳ мешаванд.

Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, “қуръакашии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 рӯзи 25-уми июн барпо мегардад. Бозиҳои даври ҳаштякниҳоӣ бо ширкати 16 даста рӯзҳои 7-ум ва 14-уми июл баргузор хоҳанд шуд.”

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG