Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон бар ивази $ 100 000 аз боздошт раҳо шуд


Шермат Нуров, собиқ муовини додситонии нақлиёти кишвар, ки бо ҷурми ришвагирӣ боздошт шуда буд, аз ҷазои ҳабс озод шудааст.

Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасод мегӯяд, раҳоии Шермат Нуров дар пайи баргардонидани 100 000 доллар ришвате, ки гирифта буд, сурат гирифтааст.
Охири моҳи майи соли равон Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди фасод Шермат Нуровро бо иттиҳоми ришвахорӣ боздошт карда буд. Фаттоҳ Саидов, раиси ин ниҳод эълом дошта буд, ки боздошти ӯ ба парвандаи Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вилояти Суғд ва раиси Корхонаи кимиёи Исфара рабт дорад. Бино ба ин мaнбаъ, Шермат Нуров бо гирифтани 100 000 доллар аз хонаводаи Ҷӯраевҳо ваъда додааст, ки ба сабук кардани ҳукми Фахриддин Ҷӯраев, бародари Низомхон, кӯмак мекунад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ин манбаъ, Шермат Нуров то анҷоми парвандаи Низомхон Ҷӯраев ҳуқуқи тарки маҳалли зисташро надорад ва таҳти назорати мақомот аст.
XS
SM
MD
LG