Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон аз сарнавишти Арал изҳори ташвиш кард


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти Бразилия таваҷҷӯҳро ба сарнавишти Арал ҷалб кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронии худ дар нишасти Бразилия аз таъсири хушкшавии баҳри Арал ба вазъи муҳити зист (экология), хусусан ба тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ пешниҳод намуд, ки “дар чунин ҳолат беҳтар гардидани вазъияти мавҷуда ва рушди минбаъдаи устувори минтақа фақат ба ҳамкории мутақобилан судманд дар бахши истифодаи оқилонаи захираҳои оби минтақа вобаста аст.” Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон зарур донист, "дар ҳавзаи баҳри Арал, ба ҷуз аз стратегияҳои миллӣ, бояд стратегияи ягонаи минтақавии истифодабарии захираҳои оби минтақа амалӣ шавад."

Ҷаноби Раҳмон ҳамчунин даъват кардааст, дар ҷараёни татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи сарчашмаҳои оби ошомиданӣ диққати махсус дода шавад. Вай гуфтааст, "кишварҳо бояд муштаракан амал намуда, афзалиятҳои иҷтимоию иқтисодиро муайян созанд, маблағҳоро ба таври оқилона истифода баранд ва обро барои нигоҳ доштани рушди устувор ва тавозуни экологӣ равона созанд."

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 18-уми июн барои ширкат дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор ба Бразилия рафт. Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири обу обёрӣ Раҳмат Бобокалонов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ Давлаталӣ Саидов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ҳамроҳӣ доранд.
XS
SM
MD
LG