Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузоришҳои зидду нақиз дар бораи Ҳуснӣ Муборак


Ҳуснӣ Муборак

Ҳуснӣ Муборак

Хабаргузории давлатии Миср бо номи MENA гузориш додааст, ки Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури пешини ин кишвар дар ҳолати “марги клиникӣ” қарор дорад. Аммо хабаргузории Ройтерз аз қавли мақомоти амниятии Миср, ки аз бурдани номашон худдорӣ кардаанд, гуфтааст, ки Муборак ҳоло зинда аст ва ба таври сунъӣ нафас мекашад. Дар бораи саломатии Муборак гузоришҳо зидду нақиз аст.

Баъзе гузоришҳо мегӯянд, ки субҳи рӯзи сешанбе вай аз бемористони зиндон ба як бемористони низомии наздики зиндон интиқол дода шудааст.

Телевизиони давлатӣ хабар додааст, ки баъд аз чанд сонияи қатъи фаъолияти дили Муборак пизишкон барои дубора ба кор андохтани он дастгоҳҳои тиббиро ба кор бурдаанд.
XS
SM
MD
LG