Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумиссиюни Сенат номзадии Эллиотро барои Тоҷикистон пазируфт


Сюзан Марш Эллиот
Сюзан Марш Эллиот
Кумиссиюни Сенати Амрико номзадии хонум Сюзан Марш Эллиотро ба унвони сафири Амрико дар Тоҷикистон пазируфт. Номзадии хонум Эллиотро президент Барак Обама барои тасвиб ба Сенат пешбарӣ карда буд.

Акнун баъд аз кумиссиюн бояд худи Сенат низ номзадии вайро бипазирад. Дар он сурат Эллиот курсии худро дар сафорати Амрико дар Душанбе ишғол мекунад. Эллиот дипломати касбист ва ҳоло муовини ёвари вазир дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мебошад.

6 июн Эллиот дар Кумитаи Сенат гуфт, водор кардани ҳукумати Тоҷикистон барои бардоштани “қадамҳои мушаххас” дар роҳи ҳифзи ҳуқуқи башар ва кӯмак ба Тоҷикистон барои ҳимоят аз Афғонистон дар садри барномаҳои вай ба унвони сафир қарор хоҳад дошт.

Вай ҳамчунин ба қонунгузорони Амрико гуфт, ҳукумати Тоҷикистонро ташвиқ хоҳад кард, ки таҳримҳои Амрико бар зидди Эронро риоят кунад.

Сюзан Марш Элиот дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар Душанбе кор кардааст.
XS
SM
MD
LG