Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз афзоиши куштор дар Сурия хеле нигарон аст


Як мақоми баландпояи СММ мегӯяд, Бан Ки Мун-Дабири Кулли ин созмон аз афзоиши куштор дар Сурия хеле нигарон аст. Оскар Фернандес Таранко-ёвари Дабири Кулл ба Шӯрои Амният гуфт, Бан Ки Мун мехоҳад 15 кишвари узви Шӯрои Амният ба иттифоқи оро тақозо кунанд, то ба ҳукумати Сурия фишор ворид оранд, ки нақшаҳои сулҳи Кофӣ Аннон-фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи Арабро иҷро кунад.

Моҳи гузашта Бан Ки Мун гуфт, ки аз оғози муноқишаҳо то ҳол дар Сурия дастикам 10 000 нафар кушта шудаанд. Вале манобеи СММ мегӯянд, ки ин шумора метавонад хеле бештар аз ин бошад.

Генерал Роберт Муд-раҳбари намояндагии нозирони СММ дар Сурия дар бораи вазъ дар Сурия паси дарҳои баста ба Шӯрои Амният гузориш медиҳад.
XS
SM
MD
LG