Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷулиан Ассанҷ аз Эвадор паноҳандагии сисёсӣ хост


Ҷулиан Ассанҷ
Ҷулиан Ассанҷ
Рикардо Патино -вазири корҳои хориҷаи Эквадор мегӯяд, Ҷулиан Ассанҷ-муассиси WikiLeaks дар сафорати Эквадор дар Лондон паноҳ ёфтааст ва аз ин кишвар хостори паноҳандагии сисёсӣ шудааст.

Патино мегӯяд, Эквадор ин дархостро баррасӣ мекунад. Як ҳафта пеш Додгоҳи салтанатии Британия дархости Ассанҷро дар бораи дубора боз кардани парвандаи истирдоди вай рад кард. Шветсия мехоҳад Ассанҷро барои рафтори ҷинсӣ бо ду зан дар нимаи соли 2010 мавриди боздпурсӣ қарор диҳад.

Номи Ассанҷ дар саросари ҷаҳон замоне сари забонҳо омад, ки садҳо ҳазор номаҳои маҳрами дипломатии Амрикоро ифшо кард.
XS
SM
MD
LG