Пайвандҳои дастрасӣ

Захираҳои нафту гази Ӯзбакистон камтар будааст


Як торнамои ҳукуматии Ӯзбакистон бо такя ба омори ширкати Бритиш Петролиум, гузориш додааст, ки захираҳои газу нафт дар ин кишвар назар ба ончӣ ҳукумат мегуфт, камтар будааст. Ба ҳисоби Бритиш Петролиум, захираҳои собитшудаи нафт дар Ӯзбакистон ба 100 миллион тонна ва захираҳои гази он ба 1 триллиону 600 миллион метри мукааб мерасад. Ширкати давлатии нафту гази Ӯзбакистон қаблан аз вуҷуди 132 миллион тонна нафт ва 4 миллиард метри мукааб гази табиӣ таъриф мекард. Маҷаллаи нафту газ низ захираҳои нафту гази Ӯзбакистонро назар ба омори давлат камтар гуфтааст. Бо вуҷуди ин захираҳо, мардуми Ӯзбакистон пайваста аз норасоии гази табиӣ ва қимати баланди бензин шикоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG