Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сукути бозрасони қатли Х. Сафаров боиси овозаҳо шудааст


Холмӯъмин Сафаров

Холмӯъмин Сафаров

Мақомот аз нашри маълумот дар бораи ангеза ва омилони эҳтимолии қатли Холмӯъмин Сафаров худдорӣ мекунанд.

Дар ҳоле ки аз куштори Холмӯъмин Сафаров, мудири сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як ҳафта сипарӣ шуда, ин воқеа сарусадоҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овардааст, мақомоти тафтишотӣ аз нашри ҳама гуна маълумот дар бораи ангеза ва омилони эҳтимолии ҳодиса худдорӣ мекунанд.

Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои сангини Додситонии кулли Тоҷикистон ва роҳбари гурӯҳи бозрасони қазияи мазкур, ки аз кормандони ботаҷрибаи ниҳодҳои интизомӣ таркиб ёфтааст, рӯзи сешанбеи 19-уми июн дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, тафтишот ба таври ҷиддӣ аз пайи таҳқиқи ин қазия шудааст, вале то кунун ҳеҷ сари нахе ба даст наомадааст.

"Ягон хел чизе, ки ҷиноятро ошкор кунад, намедонем. Тафтиш карда истодаем, муайян мекунем, ки чаро шуд ва барои чӣ шуд. Агар як каме маълумот пайдо шуд, пешниҳод мекунем. Мегӯям, ягон чиз надорем, ки барои чӣ ҳамин ҷиноятро содир кардаанд",-афзуд ӯ.

Ватан Абдураҳмонов

Ватан Абдураҳмонов

Тибқи маъмул, дар таҳқиқи ҳодисаҳои куштор муфаттишон чандин фарзияи эҳтимолиро пеш мегузоранд ва дар ҷараёни таҳқиқ онҳоро ихтисор кардаву ба фарзияҳои асосӣ тамаркуз мекунанд. Дар ин байн, одатан фарзияҳои меҳварӣ кам ё беш рӯ мезананд. Аммо сукути мутлақи гурӯҳи бозрасони ҳодисаи қатли Холмӯъмин Сафаров ва он ҳам дар ҳоле ки мақтул аз хешони наздики раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, танҳо ба қувват гирифтани овозаҳо дар ҷомеа мусоидат мекунанд.

Бархе дар вуқӯи ин ҳодиса изи хориҷиро меҷӯянд ва бархеи дигар ҳадс мезананд, ки имкон дорад он дар пайи ихтилофи майишӣ иттифоқ афтода бошад. Баъзеи дигар ҳамоно торик боқӣ мондани қазияро ба заъфи гурӯҳи бозрасон бастагӣ медиҳанд.



Аммо Ватан Абдураҳмонов, додраси собиқи Додгоҳи олии Тоҷикистон ва мудири Маркази таълими ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе, мавқеи гурӯҳи бозрасонро дар ин маврид яке аз талабҳои касбии онҳо мешуморад. Ҷаноби Абдураҳмонов гуфт, нафари масъул метавонад дар бораи вуқӯи ҳодиса маълумот диҳад, аммо ба нашри маълумот аз ҷараёни тафтишот вазифадор нест: "Гурӯҳи тафтишотӣ ҳоло ба ягон хулоса наомадааст. Инҷо чанд вариант, чанд фарзияҳоро кор бояд кард. Ҳам аз тарафи сиёсӣ ва ҳам аз тарафи кораш. Лекин гуфтан мумкин нест. Мумкин аст, ки тафтишот як моҳ нею ду-се моҳ идома пайдо кунад. Хоҳ вазир ва ё хоҳ прокурори генералӣ ҳам, ки нишасти матбуотӣ баргузор кунад дар бораи тафтишот маълумот намедиҳад."

Темур Варқӣ

Темур Варқӣ

Бо вуҷуди ин, сукути гурӯҳи тафтишотӣ дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ахиран мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ифшои фаврии чандин ҷинояти сангин муваффақ будаанд ва аз сӯе ҳам ба хонадони раисиҷумҳур рабт доштани қатли Холмӯъмин Сафаров интизории ҷомеаро аз онҳо ба маротиб бештар кардааст. Коршиноси тоҷик Темур Варқӣ мегӯяд, маҳз ҳамин ҳолат низ метавонад, сабаби сукути бозрасон бошад.

Ӯ гуфт, "ин як парвандаи махсус аст, чун нафари кушташуда аз аъзои хонаводаи раисиҷумҳурист. Аз ин лиҳоз тафтишотро, фикр мекунам, худи ӯ низ таҳти назорат дорад ва муфаттишон ҳам аз додани ҳар навъи маълумот худдорӣ мекунанд, метарсанд."

Куштори Холмӯъмин Сафаров, мудири сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон шаби 13-уми июн дар наздикии манзили зисти ӯ, дар маҳаллаи мавсум ба "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе, рух дода буд. Гуфта мешуд, ӯ аз захми чандин тири туфангчаи Макаров ба сару рӯй ва синааш ба ҳалокат расидааст. Маълум нашудааст, ин куштор кори дасти як нафар буд ё чанд тан дар он ширкат дошт. Ин нукта тазаккур меёбад, ки ӯ аз намози хуфтан дар масҷид одатан бо ҳамсоягонаш бармегашт. Ҳеҷ яке аз ҳамсоягон шоҳиди айниии воқеа нашудаанд.

Гурӯҳи бозрасии қазия бо аксари аъзои хонаводаи Холмӯъмин Сафаров саволу ҷавоб кардааст. Аммо пайвандони Сафаров дар мавриди мӯҳтавои ин суолу ҷавобҳо нахостанд, чизе бигӯянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG