Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вохӯрии зоирони пиёда бо Толибону НАТО дар Шибирғон


Зоирони тоҷик
Зоирони тоҷик

Ҳашт зоири тоҷик, ки тасмими пои пиёда ба Арабистони Саудӣ рафтанро карданд, ҳоло дар вилояти Шибирғони Афғонистон қарор доранд.

Ҳангоми сӯҳбати телефонӣ зоирон хеле хушҳол ба назар мерасиданд. Онҳо барои нахустин бор дар роҳ ба сӯи Арабистони Саудӣ бо Толибон рӯбарӯ шудаанд.

Аблуазиз Раҷабов, сардори ин гурӯҳ гуфт, "мо аз вилояти Балх барои ба Шибирғон рафтан роҳро миёнбур кардем. То замони вохӯрӣ бо Толибон аз онҳо дар ҳарос будем. Тарс аз он доштем, ки шояд онҳо моро ба қатл расонанд. Онҳо аз сари роҳамон баромада ва гуфтанд, ки Шумо кӣ ҳастед. Гуфтем, одамони оддӣ ҳастем ва мехоҳем, пиёда зиёрати Хонаи Худо кунем. Як нафараш ба мо дӯғу пӯписа зада, борхалатҳоямонро тагурӯ кард, вале нафари дигараш, ки сардорашон ба назар мерасид, гуфт, раҳояшон кунед."

Зоирини пиёдаи тоҷик ба ин тартиб аз чанги гурӯҳи силоҳбадаст, ки худро ҷангандаҳои толиб муаррифӣ кардаанд, солим ба дар омадаанд. Аммо дар роҳ боз ба гурӯҳи силоҳбадасти дигар дучор шудаанд. Раҷабов гуфт, "аз либосҳояшон фаҳмидем, ки сарбозони НАТО ҳастанд, вале забонашонро намефаҳмидем. Онҳо моро пеш-пеши тир карда, каме дуртар бурданд. Дар ҳарос будем, ки моро мекушанд, аммо таваккал бар Худо кардем. Лекин каме баъд, тарҷумонро даъват карда ва ҳуҷҷатҳоямонро диданд. Гуфтем, ки сайёҳ ҳастем. Мақсадамон то ба Арабистон расидан, зиёрати ҷойҳои таърихӣ ҳаст. Амрикоие табассум кард ва "гуд бай" гуфта, моро раҳо кард."

Пештар аз ин, гурӯҳи 8-нафарии зоирони тоҷикро дар шаҳри Балхи Афғонистон волии он Ато Муҳаммади Нур ба ҳузур пазируфта, барояшон кӯмаки молӣ кардааст.

Ёддовар мешавем, ин ҳашт зоири тоҷик моҳе пеш аз ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб барои тавоф кардани Хонаи Худо пои пиёда ба сафари Арабистони Саудӣ баромаданд. Онҳо то Арабистони Саудӣ расидан аз хоки Афғонистон, Покистону Эрон хоҳанд гузашт. Мувофиқи нақша то моҳи октябр бояд онҳо ба Саудӣ бирасанд.
XS
SM
MD
LG