Пайвандҳои дастрасӣ

Ду афғон ба бомбгузории Ошӯро муттаҳам шуданд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ду нафарро ба бомбгузории хунини соли гузашта, дар маросими Ошӯро дар соли гузашта муттаҳам карданд, ки дар натиҷаи ин бомбгузорӣ дар Кобул даҳҳо шиъамазҳаб кушта шуданд. Муҳаммад Исҳоқ Алаку, додситони кулли Афғонистон имрӯз гуфт, ҳамлаи мазкур дар шаҳри Пешовари Покистон, бо мусоидати хадамоти махсуси ин кишвар ва ба хотири барангехтани муноқишаҳои мазҳабӣ тарҳрезӣ шудааст: Ӯ афзуд: "Ба номи Ҷангавӣ эълом карданд, ки як гурӯҳи Толибон, дар Покистон аст ва ин масъулиятро, ки мумкин онҷо бошад, аммо таҳти сарпарастӣ ва идораи органҳои истихборотии ҳамсояи мову шумо ин кор анҷом шуда.” Дар ҳамла ба маросими Ошӯро дасти кам 80 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Муҳаммад Исҳоқ Алаку гуфт, ду мард ба гуноҳи худ эътироф карда ва гуфтаанд, ки барои овардани ду маргталаб ба Кобул ба онҳо 10 ҳазор рупияи покистонӣ баробар ба 100 доллари амрикоӣ додаанд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, билофосила баъди бомбгузорӣ, Лашкари Ҷангавӣ, як шарики Ал-Қоидаро, ки дар Покистон паноҳ мебарад, масъули ин ҳамла хонда буд.
XS
SM
MD
LG