Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандагии маргбори майори милисаи тоҷик


Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, Хокиро Сӯфиев, майори милиса ва сардори шӯъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар шаҳри Ваҳдатро ба сабаби ронандагии маргбор аз мақомаш барканор кардааст. Вазорати умури дохилӣ дар торнамои худ хабар додааст, ки Хокиро Сӯфиев, рӯзи 16 июн бо мошини Мерседес Бенсаш зимни ҳаракат дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе “меъёрҳои бехатариро” риоят накарда ба мошин дигаре бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи ин мошин Сироҷиддин Солеҳови 48-сола ҳалок мешавад. Ҷузъиёти дигаре дар бораи қазияи Хокиро Сӯфиев нашр нашудааст.
XS
SM
MD
LG