Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Покистон аз мақомаш маҳрум шуд


Додгоҳи Олии Покистон, Юсуф Ризо Гелониро аз ҳаққи нахуствазирӣ маҳрум кардааст. Ду моҳ пештар аз ин ҳамин додгоҳ, Юсуф Ризо Гелониро ба сарпечӣ аз иҷрои ҳукми додгоҳ гунаҳкор дониста буд ва ҳоло ӯро аз ҳаққи вакилӣ дар порлумон ҳам маҳрум кардааст. Баъди ин амр раҳбарияти Ҳизби Мардумии Покистон, ки аксарияти курсиҳои порлумон ва ҳаққи интихоби нахуствазирро дорад, нишасти изтирорӣ баргузор кард. Моҳи апрели гузашта Додгоҳи Олии Покистон, Юсуф Ризо Гелониро ба он гунаҳкор донист, ки ба рағми ҳукми додгоҳ, парвандаи фасодкорӣ алайҳи раиси ҷумҳур Зардориро дубора боз накардааст. Парвандаи Осиф Алӣ Зардорӣ ба солҳои 1990 бармегардад, ки гӯё ришва гирифта дар бонкҳои Швейтсария нигаҳ медоштааст. Юсуф Ризо Гелонӣ мегуфт, ки алайҳи раиси ҷумҳур парванда боз карда намешавад, зеро ӯ ба ҳайси раҳбари давлат ҳаққи масуният дорад.
XS
SM
MD
LG