Пайвандҳои дастрасӣ

Тамоюли нави изтиробангез дар Осиёи Марказӣ


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд,бемории вируси норасоии масунияти бадан босуръат дар миёни мӯътодони тазриқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ доман паҳн мекунад, вале ба ин мушкили ҷиддӣ ба қадри кофӣ аҳамият намедиҳанд. Ин муассисаи беҳдоштии Созмони Милал мегӯяд, дар Тоҷикистону Қазоқистону, Қирғизистон ва Ӯзбакистону Туркманистон 190 ҳазор мӯътодони тазриқӣ ҳастанд ва бештар аз нисфи гирифторони нави вируси норасоии масунияти бадан дар миёни ҳамин гурӯҳ аст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт афзудааст, барои пешгирӣ аз бемории мазкур дар миёни ин гурӯҳи осебпазир дар баробари Эйч Ай Ви Эйдз, бояд ҳарчӣ зудтар чора андешид, зеро онҳо метавонанд сабаби афзоиши ҳарчӣ бештари беморӣ дар минтақа шаванд.
XS
SM
MD
LG