Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли як сарбози НАТО ва 3 пулис дар Қандаҳор


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, чанд ҷангҷӯ, худро маъмури пулис вонамуд карда, як сарбози НАТО ва се пулиси афғонро куштанд. Дар ин ҳамла ба як посгоҳи пулис дар вилояти Қандаҳор дар рӯзи сешанбе ҳамчунин шаш нафари дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба раҳбарии НАТО рӯзи душанбе дар ҳамин вилоят се фарди мусаллаҳ аз ин роҳи фиреб як сарбози хориҷиро ҳалок карданд, аз кадом кишвар будани сарбози хориҷӣ эълом нашудааст.
XS
SM
MD
LG