Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи музокироти ҳастаии Эрон дар Маскав


Дар шаҳри Маскав рӯзи дуввуми музокироти ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ идома дорад. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ дар рӯзи аввали нишаст, пешрафти чандоне ҳосил нашудааст, чун ҳарду тараф майле ба гузашт нишон надодаанд. Даврҳои пешини музокирот дар бораи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон бо Амрико, Фаронса, Бритониё, Русия, Чин ва Олмон дар ду моҳи гузашта дар Истанбул ва Бағдод натиҷае надода буд. Эрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш сулҳомез ҳастанд ва қудратҳои ҷаҳонӣ бояд ҳаққи ин кишвар барои ғанисозии ураниумро бипазиранд. Эрон ҳамчунин мехоҳад, Иттиҳодияи Аврупо таҳрими хариди нафт аз Эронро низ лағв кунад, ки қарор аст аз 1 июл ба иҷро дарояд.
XS
SM
MD
LG