Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба дор кашида шудааст


Шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон дар шаҳраки Новий Оккервил ба дор кашида шудааст. Хабаргузории “Росбалт” рӯзи 19-уми июн ба нақл аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Санкт-Петербург иттилоъ дод, ки ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дар табақаи 13-уми бинои навсохт, дар ҳоле ёфт шудааст, ки дар ресмони басташуда ба кабели барқ овезон буд ва дастҳояш бо сим ба пушт баста шудаанд. Полис мегӯяд, алҳол дар бораи ангезаҳои ин ҷиноят маълумоте касб накардааст.
XS
SM
MD
LG