Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният аз вазъи Сурия гузориш мешунавад


Интизор меравад, имрӯз Роберт Муд, раҳбари ҳайъати нозирони Созмони Милал дар Сурия ба Шӯрои Амният доир ба кори ин ҳайъат гузориш диҳад. Се рӯз пештар аз ин гурӯҳи 300 нафарии нозирони ғайримусаллаҳи Созмони Милал, бо зикри шиддат гирифтни муноқиша миёни нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён, гаштзанӣ дар хиёбонҳои Сурияро бас карданд. Ин нозирон ба хотири назорати иҷрои барномаи сулҳи Созмони Милал дар Сурия ба ин кишвар рафта буданд, агарчӣ ҳеҷ яке аз тарафҳо онро иҷро накардаанд. Дигар ин ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Владимир Путин ҳамтои руси ӯ дар ҳошияи нишасти гурӯҳи Ҷи 20 дар Мексика зимни баёнияи муштараке хостори “қатъи фаврии тамоми хушунат дар Сурия” шуданд.
XS
SM
MD
LG