Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фирори 11 марзбони қазоқ аз як посгоҳи марзӣ


Кумитаи Марзбонии Қазоқистон мегӯяд, 11 марзбон аз як посгоҳи сарҳадии байни ин кишвар ва Чин фирор кардаанд. Ба гуфтаи кумита, ҳамаи онҳо моҳи ноябри соли 2011 ба сафи нерӯҳои марзбонӣ пайваста буданд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ин марзбонони ҷавон субҳи душанбе силоҳҳои худро дар посгоҳи Тесисайриқ дар ноҳияи шимолушарқии Зайсан гузошта рафтаанд ва мумкин аст, бадрафторӣ бо онҳо сабаби фирори онҳо шуда бошад. Се ҳафта пеш аз ин ҷасадҳои 14 марзбон ва як ҷангалбони қазоқро дар як посгоҳи дигар дар марзи Қазоқистону Чин пайдо карданд ва як ҳамхидмати зиндамондаи онҳоро ба қатли он марзбонон муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG