Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар размоиши "Ҳамкории минтақаӣ - 2012"


Дар размоиши муштараки низомӣ зери номи "Ҳамкории минтақаӣ-2012", ки дар қаламрави Қирғизистон оғоз шудааст, Тоҷикистонро гурӯҳҳои фаврӣ ва нерӯҳое аз сохторҳои қудратӣ намояндагӣ доранд. Он гуна ки Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, гуфт, ин размоиши муштарак бо ширкати намояндагони Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Иёлоти Муттаҳида ва Покистон шурӯъ шуда, то 28-уми июни соли ҷорӣ ҷараён мегирад.

Ба таъкиди Маҳмадалиев, ҳадафи аслии ин размоиш ҳамоҳангии фаъолияти кишварҳо дар ҷараёни баргузории амалиёти муштарак барои кумак дар рафъи ҳаводиси табиӣ унвон шудааст. Аммо намояндагони Амрико ба ҳамтоёни Осиёи Марказии худ нозукиҳои истифода аз компютер ва нақшаҳо дар баргузории ин амалиётро меомӯзонанд.

Дар маҷмӯъ, дар ин тамринот беш аз 300 намояндаи кишварҳои ширкаткунанда ҳузур доранд, аммо дар кишварҳои минтақа ситод ё марказҳои доимиамалкунанда таъсис меёбад. Ин размоиши муштарак бидуни ширкати Узбакистон, яке дигар аз кишварҳои минтақа ҷараён дорад. Ҷониби Узбакистон дар раванди баргузории размоиши низомии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар ҳафтаи пеш дар вилояти Суғди Тоҷикистон низ ширкат накарда буд.
XS
SM
MD
LG