Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

UNICEF ба вазъи ҳоҷатхонаи мактабҳо баҳои "2" дод


Дастрасӣ ба об ва беҳдошт аз мушкилоти умдаи кӯдакон ва оилаҳо дар Тоҷикистон аст, мегӯяд Бунёди кӯдаки Созмони Милал ё ЮНИСЕФ.

Дар гузорише, ки ЮНИСЕФ ба нашр расонд, омадааст, дар 45 дарсади мактабҳо об нест ва дар 83 дарсади онҳо ҳоҷатхона ё мавҷуд нест ва агар бошад ҳам, вазъи хеле бад дорад.

Дар ин санад гуфта мешавад, дар 10 соли охир ЮНИСЕФ дар мактабҳои Тоҷикистон 348 ҳоҷатхона бунёд кардааст, ки масъулияти нигоҳубини он бар дӯши садорати мактабҳо ва мақомоти маҳаллӣ вогузор шудааст. Аммо мақомот дар нигоҳдории вазъи санитарии ин ҳоҷатхонаҳо саҳлангорӣ кардаанд ва бисёр вақт бинобар қатъ шудани интиқоли об ин ҳоҷатхонаҳо аз кор монда, дар ҳолати ғайри санитарӣ қарор доранд.

Бинобар ин, ЮНИСЕФ тасмим гирифтааст, дар оянда ба бунёди ҳоҷатхонаҳое сармоя гузорад, ки бидуни хатти об ҳам кор кунанд. Барои назорат ба ин ҳоҷатхонаҳо акнун бо падару модарони хонандаҳо ва маъмурияти мактабҳо мувофиқа хоҳад шуд.
Такаҳо Фуками, корманди намояндагии ЮНИСЕФ дар Душанбе мегӯяд, "бовар дорем, маблағҳое, ки барои бунёди инфрасохторҳои коммуналӣ ҷудо мешаванд, ба беҳбуди вазъи санитарии мактабҳо мусоидат мекунанд."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00
Линки мустақим


Боздиди мо аз мактабҳои пойтахт ҳатто собит сохт, ки бо вуҷуди дастрасӣ ба хатти об низ аксарияти ҳоҷатхонаҳо дар ҳоли ғайри санитарӣ қарор доранд. Ба фарқ аз хоҷатхонаи муаллимон ва занон ҳоҷатхонаи писарона ифлостар ба назар мерасид. Ҳеҷ яке аз масъулон дар садорати мактабҳо ҳозир нашуданд бо мо дар ин маврид сӯҳбат кунанд, аммо сабаби ифлос будани ҳоҷатхонаю дигар иншооти санитарии мактабро ба фарҳанги пасти хонандагон ва бархеи дигар ба фалаҷ будани системаи коммуналӣ нисбат доданд.

Як хонандаи синфи 10-уми мактаби 89-и шаҳри Душанбе дар мавриди тозагии ҳоҷатхонаи мактаби худ гуфт: "Кӯшиш мекунам, аз ҳоҷатхонаи мактабамон истифода накунам, чунки ифлос аст. Аз ғизои ошхонаи мактаб ҳам пас аз оне, ки дар он ҷо ҳашарот ва мушро мушоҳида кардам, истифода намекунам."

Албатта, ин ба маъное нест, ки ҳоҷатхонаҳо дар ҳамаи мактабҳо вазъи бад доранд. Дар бархе аз мактабҳо озодагии ин иншоот қобили таҳсин буд. Масъулони Хадамоти санитарӣ ва эпидемологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд онҳо дар мавриди вазъи санитарию дастрасии мактабҳо ба об омори худро доранд.

Самариддин Алиев, роҳбари ин хадамот гуфт, "ҳоло мо ҳар мактабро ҷиддан тафтиш мекунем, ки ҳоҷатхона ва хатти об дорад ё не ва ба мудири маорифи ҳамон ноҳия ва раиси ҳукумат барои ҳалли масъала пешниҳод мекунем. Ҳоло бояд ҳар мактаб хулосаи санитарию эпидемологӣ гирад."

Коршиносон мегӯянд, ҳарчанд созмонҳои байнулмилалӣ ба беҳтар кардани вазъи санитарии мактабҳо ёрӣ медиҳанд, аммо вазъи беҳдошти оилаҳо дар манотиқи дурдасти Тоҷикистон, ки аксарашон ба хатти об дастрасӣ надоранд, мушкил боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG