Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии низомиёни Миср барои супурдани қудрат


Шӯрои олии низомии Миср гуфта, ки то поёни моҳи июн зимоми қудратро дар ихтиёри раисиҷумҳури нав хоҳад гузошт.

Номзади пирӯз дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср рӯзи панҷшанбе, 21-уми июн эълон мешавад. Аммо Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳ қабл аз ин эълон кард, ки фаъолияти ниҳоди қонунгузори кишварро бар ӯҳдаи худ мегирад ва Қонуни Асосии навро таҳия ва муаррифӣ мекунад. Ин барномаҳои Шӯрои олии низомиро сиёсатмадорони Миср ба боди интиқод гирифта ва онро “табаддулот” ё “кудето” номиданд.

Шӯрои мазкур ҳамчунин назорат бар буҷаи давлатӣ ва ҳаққи гузоштани вето ба Қонунии Асосии навро бар ӯҳда гирифтааст. Шӯро бояд аъзои комиссияи Қонуни Асосиро интихоб кунад ва пешнависи онро таҳия намояд.

Матбуоти Миср ин нақшаҳоро мавриди интиқод қарор дод ва гуфт, дар чунин ҳолат раисиҷумҳур ҳеҷ салоҳият нахоҳад дошт. Рӯзномаи мустақили “Ал-Масрӣ ал-Явм” навишт, “низомиҳо қудратро ба низомиҳо медиҳанд”.

Вазорати дифои Амрико дар вокуниш гуфт, аз ин нақшаҳои низомиён “амиқан нигарон” аст. Иттиҳодияи Аврупо бо пахши эъломияе гуфт, “марҳилаи гузори демократӣ” набояд зери суол равад.

Ҷеорҷ Литтл, сухангӯи вазорати дифои Амрико, ба хабарнигорон гуфт, "Иёлоти Муттаҳида мунтазир буд, ки низомиён “ҳамаи қудрат”-ро ба ҳукумати аз роҳи демократӣ интихобшуда хоҳанд супурд, он гуна ки дар гузашта эълон карда буданд." Вай афзуд, Амрико аз Шӯрои низомӣ ҳамчунон хоҳад хост, ки қудратро ба мақомоти интихобшудаи ғайринизомӣ супорад.

Дар Миср дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ миёни Муҳаммад Мурсӣ --номзади Ихвонулмуслимин ва Аҳмад Шафиқ -- нахуствазири давраи Ҳуснӣ Муборак ширкат карданд. Ихвонулмуслимин иддао мекунад, ки номзади онҳо пирӯз шудааст ва Аҳмад Шафиқро шикаст додааст.

Эссом ал-Ориан, яке аз раҳбарони Ихвонулмуслимин гуфт, ислоҳоти демократӣ дар Миср идома хоҳад кард: “Ҳар кас бояд бовар дошта бошад, ки мо ислоҳоти демократиро оғоз кардаем. Он давом мекунад. Мо дар ин кишвар ниҳодҳоро таъсис медиҳем ва ниҳодҳоеро, ки Шӯрои низомӣ барҳам дода буд, барқарор мекунем.”

Аммо ҷонибдорони Аҳмад Шафиқ иддаои Ихвонулмуслиминро дар бораи пирӯзиаш зери суол бурдаанд. Аҳмад Сарҳан, сухангӯи Шафиқ дар Қоҳира ба рӯзноманигорон гуфт, онҳо рӯзи сешанбе бар зидди Ихвонулмуслимин далелҳоро пешниҳод хоҳанд кард. Бо вуҷуди ин, матбуоти давлатӣ эълон кардааст, ки дар муборизаҳои интихоботӣ Муҳаммад Мурсӣ дар сафи пеш қарор дорад.
XS
SM
MD
LG