Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

23 сентябр интихоботи порламонии Беларус эълон шуд


Александр Лукашенко

Александр Лукашенко

Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус 23 сентябри соли ҷориро рӯзи интихоботи порламонӣ эълон кард. Вай зимни суханони худ дар иҷлоси порламон гуфт, ки дар ҷараёни интихобот “ҳеҷ гуна мудохила аз хориҷи кишвар қобили қабул нахоҳад буд”. Лукашенко ҳамчунин қавл дод, ки кишвараш нозирони байналмиллалиро барои назорат бар ҷараёни райдиҳӣ истиқбол хоҳад кард.

Моҳи декабри соли 2010 дар Беларус интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд ва бо тақаллуб ҳамроҳ буд. Он вақт даҳҳо нафар ҷонибдорони мухолифон боздошт ва тазоҳуроти эътирозии онҳо саркӯб шуд.
XS
SM
MD
LG