Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҶӢ 20 хостори рушд ва субот дар Аврупо шуд


20 кишвари санъатии ҷаҳон ё ҶӢ 20 дар Мексика роҷеъ ба пешнависи эъломияе мунозира мекунанд. Дар он аз Аврупо хоста шудааст, ки барои ҳифзи субот дар қаламрави истифодаи евро тадбирҳои зарурӣ биандешанд. Дар ин эъломия ҳамчунин ба рушди иқтисод ва иҷоди ҷойҳои корӣ таъкид шудааст. Қабл аз оғози мулоқоти ҶӢ 20 Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон бо ҳам дидору гуфтугӯ доштанд. Бино ба гузоришҳо, дар ин мулоқот ҷонибҳо ризоят додаанд, ки барои ҳамгероии сиёсӣ дар Аврупо бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.
XS
SM
MD
LG