Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Путин бӯҳрони Сурияро баррасӣ карданд


Барак Обама ва Владимир Путин-руасои ҷамоҳири Амрико ва Русия дар ҳошияи мулоқоти Ҷӣ 20 дар Мексика бо ҳам дидор ва гуфтугӯ карданд. Баъд аз бозгашти Путин ба курсии раёсати ҷумҳурӣ ин нахустин мулоқоти ҷонибҳо ба шумор меравад.

Кохи Сафед мегӯяд, дар ин мулоқот бӯҳрони Сурия ва барномаҳои ҳастаии Эрон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Таниши миёни Вашингтон ва Маскав барои вазъи Сурия дар ҳоли афзоиш аст. Вашингтон мехоҳад Русия Башор Асад-раиси уҷмҳури Сурияро барои истеъфо ташвиқ кунад.

Ҳафтаи гузашта Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико Русияро муттаҳам кард, ки чархболҳояшро дар ихтиёри режими Асад гузоштааст. Аммо Маскав ин иттиҳомотро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG