Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Папулиас: "Ҳукуматро ҳамин рӯз ташкил кунед!"


Раисиҷумҳури Юнон Каролос Папулиас аз раҳбари ҳизби муҳофизакорони «Демократияи нав» Антонис Самарас даъват кард, ки худи ҳамин рӯз ҳукумати навро таъсис кунад. Қабл аз супурдани мандат ба Самарис ӯ гуфт, ки “кишвар ҳатто як соат наметавонад бидуни идора бимонад”.

Айни ҳол раҳбари муҳофизакорон бо сарвари сотсиалистҳо Эвангелос Венизелос музокирот мекунад – ҳизби ӯ ПАСОК дар интихоботи парлумонӣ ҷойи сеюмро соҳиб шуд.

Дар интихоботи такрории парлумонӣ ҳизби «Демократияи нав», ба дарёфти тақрибан 30 дар сади овозҳо муваффақ шуд. Аз ҳизби чапгарои СИРИЗА 27 дар сади мардум пуштибонӣ кардаанд.

Ҳадс зада мешуд, ки СИРИЗА дар сурати пирӯзияш дар интихоботи парлумонӣ аз сарфаи буҷа сарпечӣ мекунад ва ин дар навбати худ боиси аз қарзи 130 миддиард еврогии Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул маҳрум мондани Юнон мешавад. Ба думболи ин, ба гуфтаи коршиносон, Юнон барои тарки минтақаи евро маҷбур мешуд. Пирӯзии муҳофизакорон боварӣ ба боқӣ мондани кишвар дар "минтақаи евро"-ро бештар кард.
XS
SM
MD
LG